Имзои 12 санади ҳамкорӣ байни мақомоти Тоҷикистон ва Покистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i68114-Имзои_12_санади_ҳамкорӣ_байни_мақомоти_Тоҷикистон_ва_Покистон
12 санади ҳамкорӣ байни мақомоти Тоҷикистон ва Покистон имзо шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 02, 2021 20:11 Asia/Dushanbe
  • Имзои 12 санади ҳамкорӣ байни мақомоти Тоҷикистон ва Покистон

12 санади ҳамкорӣ байни мақомоти Тоҷикистон ва Покистон имзо шуд.

Дувоздаҳ санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, дар сафари раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Покистон имзо шуд.

Ин тавофуқномаҳо дар бораи ҳамкории тарафайн, дар бахшҳои илмӣ байни Донишгоҳи фаннии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ҳинди Покистон, палатаҳои бозаргонии Тоҷикистон ва Лоҳуру Кувайтаи Покистон, мубориза бо фасод, фарҳангӣ ва ҳунарӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, фанновариҳои навин, ҳамлу нақли ҷодаӣ ва роҳи оҳан будааст.

Ҳамчунин раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нахуствазири Покистон бо ҳузур дар нишасти хабарӣ, натоиҷи музокирот ва чашмандози ҳамкории ду кишварро барои хабарнигорон шарҳ доданд.  

 

Бештар бихонед: