Июн 02, 2021 21:24 Asia/Dushanbe
  • Фавти варзишкори номдори Тоҷикистон

Мураббӣ ва гуштигири номдори тоҷик ва бунёнгузори гуштии Самбо дар Тоҷикистон имрӯз дар синни 77 солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Ба гузориши Федератсияи гуштии Тоҷикистон, маросими хоксупории Исмат Абдуллоев имрӯз, соати 18 дар масҷиди маҳаллаи Панҷрӯди Душанбе баргузор ва пайкари вай дар қабристони маҳаллаи Қаротегини Душанбе ҷаноза ва ба хок супурда мешавад.

Исмат Абдуллоев дар соли 1971 дар мусобиқоти олимпӣ дар вазни 66 килограм узви тими миллии Самбои Тоҷикистон буд ва ҷузви панҷ нафар бартари рақобатҳо қарор гирифт.

Вай дар соли 2004 дар мусобиқоти ҷаҳонии Самбои пешкисватон дар вазни 82 килограм медали тиллоро аз они худ кард.

Ӯ солҳо сармураббии тимҳои миллии Самбои Тоҷикистон ҳам буд.

Вай дар соли 1975 ба унвони яке аз даҳ мураббии бартари Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ дар риштаи Самбо интихоб ва ба унвони беҳтарин мураббии Тоҷикистон дар қарни бистум шинохта шуд.

 

Бештар бихонед: