Баррасии чашмандози равобити Тоҷикистон ва Покистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i68178
Чашмандози равобити Тоҷикистону Покистон дар Исломобод баррасӣ шуд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 03, 2021 18:18 Asia/Dushanbe
  • Сироҷиддини Муҳриддин  ва Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ
    Сироҷиддини Муҳриддин ва Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ

Чашмандози равобити Тоҷикистону Покистон дар Исломобод баррасӣ шуд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вазорати умӯри хориҷаи Тоҷикистон, Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон бо Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ, вазири умӯри хориҷаи Покистон дидору гуфтугӯ кард .

  Дар ин мулоқот вазъияти феълӣ ва чашмандози равобити ду кишвар ва мавзӯъоти муҳими минтақаӣ ва байналмиллалӣ баррасӣ шуд .

  Тарафҳо бар аҳамияти густариши равобити тиҷориву иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмиву фаннӣ, фарҳангиву гардишгарӣ ва ҳамкориҳои байнипорлумонии ҳам таъкид карданд .

Дар ин нишаст роҳҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Покистон дар чорчуби қонунҳои созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақаӣ низ баррасӣ шуд .

 

  Бештар бихонед :