Сафари тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷопон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i68212-Сафари_тими_миллии_футболи_Тоҷикистон_ба_Ҷопон
Тими миллии футболи Тоҷикистон барои муқаддамотии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 ба Ҷопон сафар кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 04, 2021 20:32 Asia/Dushanbe
  • Сафари тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷопон

Тими миллии футболи Тоҷикистон барои муқаддамотии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 ба Ҷопон сафар кард.

Ба гузориши Федератсияи Футболи Тоҷикистон, қарор аст ин тим дар чаҳорчӯби бозиҳои муқаддамотии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 дар гурӯҳи F ба масофи тимҳои миллии Ҷопон (7 июн) ва Мянма (15 июн) биравад.

Тими миллии Тоҷикистон бо сармурабигарии Усмон Тошиев ва 24 бозикун: 3 дарвозабон, 7 мудофеъ, 9 ҳафбак ва 5 муҳоҷим вориди шаҳри Осакаи Ҷопон шуд.

Дидори тимҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Ҷопон соати 15: 30 дақиқа дар варзишгоҳи шаҳри Осака баргузор хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед: