Июн 06, 2021 19:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳатмӣ шудани муваффақият дар озмуни забони русӣ барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ

Муваффақият дар озмуни забони русӣ барои судури муҷаввизи кор дар Русия ҳатмӣ шуд.

Русия доштани гувоҳиномаи қабулӣ дар озмуни забони русиро барои судури муҷаввизи кор дар ин кишвар иҷборӣ кард.

Ба гузориши сомонаи итилоърасонии ҳукумати Русия, ошноӣ бо муколама, истилоҳот ва ҳамчунин қавоиди имлоӣ ва дастури забони русӣ, аз ҷумлаи бахшҳои ин озмун эълом шуд.

Аз дигар мавориди муҳим барои ширкати коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар озмуни забони русӣ донистани таърих ва ҷуғрофиёи Русия аст.

Ҳамчунин ошноӣ бо муқаррароту қонунҳои ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия, аз дигар мавзӯоти озмуни забони русӣ эълом шудааст.

 

Бештар бихонед: