Майдони кишти сабзӣ зиёд, аммо нархаш боло аст
Нархи як кило сабзӣ дар бозорҳои Тоҷикистон аз 8 то ба 10 сомонӣ расидааст.
Ба гузориши “Спутник”, масъулини бозори “Деҳқон”-и Душанбе ва сабзикор аз ноҳияи Ҷайҳун гароншавии нархи сабзиро, ки килояш то 8 -10 сомонӣ расидааст, шарҳ доданд
Мастон Шарифов, муовини мудири бозори “Деҳқон”, яке аз сабабҳои асосии гароншавии нархи сабзиро, пеш аз ҳама, дар фасли баҳор нисбатан сарду сербориш омадани ҳаво донистааст.
Вай гуфт: Аз сабаби сардии ҳаво дар аволи сол, воридоти ин маҳсулот нисбат ба талаботи бозор ба таъхир афтод. Айни ҳол масъалаи мазкур таҳти назорат қарор дошта, ҷиҳати ҳалли саривақтии он бо хоҷагиҳои деҳқонии ватанӣ, аз ҷумла бо ноҳияҳои Ҷайҳун, Носири Хусрав, Шаҳритӯс ва Ҷалолиддини Балхӣ, барои ворид намудани сабзӣ шартнома бастаем. .
Маҳмаддовуд Сафаров, сардори хоҷагии деҳқонии “Ҳаким” - и ноҳияи Ҷайҳун, дар мавриди нархи сабзӣ изҳор дошт, ки соли гузашта дар масоҳати 1 гектар сабзии тирамоҳӣ кишт намуда, 35 тон сабзӣ ҷамъ овард. Вай изҳор дошт: Мутаассифона, нархи ҳар кило сабзӣ то 20 дирам пойин омад, харидор наёфтем, миқдоре аз сабзӣ хӯроки чорво шуд ва миқдори дигар пӯсида нобуд гашт.
Сафаров афзуд: Кори кишоварзӣ, аз ҷумла парвариши сабзӣ, пиёз ва полизиҳо низ, айни ҳол серхароҷот ва мушкил шудааст. Агар аз як ҷониб таъсири боду ҳавои номусоид ба кори деҳқон таъсири манфӣ расонад, аз ҷониби дигар, болоравии нархи маводи сӯзишворӣ, техникаҳои кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ, таъмини кормандони мавсимӣ мушкили моро дучанд мегардонад.
Дар ҳамин ҳол Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз афзоиши кишти сабзӣ гузориш медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, имсол дар майдони 4738 гектар кишти сабзӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 33 гектар зиёд мебошад.
Вазорат гуфтааст: То 21 майи соли равон хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ дар майдони 4310 гектар кишти сабзиро гузаронидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 6 гектар зиёд аст. Истеҳсоли сабзӣ ба ҳолати 1 январи соли равон ба миқдори 255491,1 тон расонда шудааст.
Дар ҳамин ҳол нархи сабзӣ дар Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои сербаҳс табдил ёфта, нархи он ҳанӯз ҳам ба андозаи қаблӣ пойин нарафтааст.
Бештар бихонед: