Душанбе мизбони нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон
Чаҳордаҳумин нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, фаннӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон дар шаҳри Душанбе оғоз шуд.
Ба гузориши Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон, чаҳордаҳумин нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, фаннӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон бо ҳузури Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, Ризо Ардакониён, вазири нерӯи Эрон, Муҳаммадтақии Собирӣ ва Низомиддин Зоҳидӣ, сафирони ду кишвар ва ҳамчунин шуморе аз мақомоти давлатӣ ва фаъолони иқтисодии Тоҷикистону Эрон дар маҳалли меҳмонхонаи “Ҳаёт” оғоз шуд.
Дар маросими ағози ин нишаст, Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон бо ибрози хушҳолӣ аз мизбонии ин нишаст ва дидори ҳамкорону дӯстони эронӣ, изҳори итминон кард, ки чаҳордаҳумин нишасти Комиссияи муштарак замина барои тавсеаву густариши равобит миёни ду кишвари дӯсту бародарро бештар фароҳам хоҳад кард.
Вай бо ёдоварӣ аз иштирокоти фаровон миёни Тоҷикистон ва Эрон, таъмиқи муносибот дар ҳамаи заминаҳоро зарурӣ ва имконпазир донист.
Далер Ҷумъа зимни ишора ба фаъолияти нерӯгоҳи “Сангтӯда – 2”, ки бо ҳамкории Эрон сохта шудааст, ибрози умедворӣ кард, ки бархе аз корҳои нақби Истиқлол низ бо сармоягузории муштараки ду тараф бамавқеъ такмил шавад.
Вазири нерӯи Эрон низ дар суханоне гуфт: Ҷумҳурии исломӣ нахустин кишваре буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва иқдом ба роҳандозии сафорати худ дар шаҳри Душанбе кард.
Ардакониён дар канори аҳамияти мавқеияти ҷуғрофиёии сиёсии Тоҷикистон, қаробатҳои фаровони фарҳангӣ, таърихӣ ва забониро аз нуқоти қуввати равобити миёни ду кишвар донист.
Вай баргузории 13 нишасти комиссияи ҳамкориҳои муштараки ду кишварро нишондиҳандаи азму иродаи мақомоти Эрон ва Тоҷикистон донист ва бар зарурати истифода аз зарфиятҳо дар ҷиҳати иртиқои таомулот дар олитарин сатҳ таъкид кард.
Ардакониён беҳбуди қобили тавваҷуҳи равобит дар заминаҳои моливу бонкиро ҳам лозим донист.
Қарор аст баъд аз зуҳри имрӯз гурӯҳҳои коршиносии ду тараф дар мавриди ёддошти тафоҳуми ин нишаст гуфтугӯ ва табодули назар кунанд.
Ин ёддошти тафоҳум фардо дар поёни нишаст имзо хоҳад шуд.
Бештар бихонед:
- Таъсири нерӯгоҳи “Роғун” бар вуруди гилу лой ба садди нерӯгоҳи “Норак”
- Дархости Тоҷикистон аз Фаронса барои сармоягузорӣ дар нерӯгоҳи “Себзор”