Футболистҳои тоҷикистонӣ бозиро ба чашмбодомиҳои ҷопонӣ вогузор карданд
Тими миллии футболи Тоҷикистон аз Ҷопон бохт, вале бори нахуст дарвозаи чашмбодомиҳоро боз кард.
Ба гузориши ИРНА, тимҳои футболи Ҷопон ва Тоҷикистон 7 июн дар чорчӯби даври дувуми рақобатҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатар ва Ҷоми миллатҳои Осиё 2023 ба масофи ҳам рафтанд, ки дар поён ҷопониҳо бо натиҷаи чаҳор бар як аз садди ҳарифи худ гузаштанд.
Киёго Фуроҳиши, Такоми Минамино, Канту Ҳошимото, Ҳаяо Кавобе барои Ҷопон муваффақ ба голзанӣ шуданд ва танҳо голи тими Тоҷикистон ба василаи Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 9 ба самар расид.
Ҷопон бо ин пирӯзӣ аз ҳафт бозӣ 21 имтиёзӣ шуд ва ҷойгоҳаш дар садри ҷадвалро тасбитшуда нигаҳ дошт. Онҳо дар ин бозӣ аввалин голи худро дарёфт карданд. Тоҷикистон ҳам дар ҳафтумин бозӣ, сеюмин шикастро таҷриба кард то бо 10 имтиёз дар радаи дувум бимонад.
Дар дигар бозии ин гурӯҳ Қирғизистон бо як гол ба Мянма бохт то бо ҳафт имтиёз тими сеюм бимонад. Мянма ва Муғулистон ҳам бо 6 имтиёзӣ чаҳорум ва панҷум ҳастанд.
Бештар бихонед: