Июн 08, 2021 14:14 Asia/Dushanbe
  • Душанбе мизбони сеюмин ҳамоиши занони Созмони Ҳамкории Шанхай

Сеюмин даври ҳамоиши занони Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба мизбонии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе, пойтахти ин кишвар баргузор мешавад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, сеюмин даври ҳамоиши занони Созмони Ҳамкории Шанхай ба мизбонии Тоҷикистон рӯзи 10 июн (20 хурдод) дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар ин ҳамоиш раисон ва намояндагони вазорат ва ниҳодҳои марбута, мақомоти устони Бадахшон, Суғд, Хатлон, навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ширкат мекунанд.

Гуфтанӣ аст, ки аввалин ҳамоиши занони Созмони Ҳамкории Шанхай таҳти унвони “Ҳамоҳангсозии нерӯи занон барои пешбурди тавсеаи муштарак” аз 15 то 17 майи соли 2018 мелодӣ дар Пекин баргузор шуда буд.

Ҳамоиши занони Созмони Ҳамкории Шанхай тавассути дабирхонаи ин созмон ва Федератсияи байналмилалии занони Чин роҳандозӣ шудааст, ки беш аз 200 намоянда аз давлатҳои узви СҲШ ва кишварҳои нозир ширкат карда буданд.

Ҳамчунин рӯзҳои 15 - 16 июли имсол дар шаҳри Душанбе дидори сарони мақомоти гардишгарии кишварҳои узви СҲШ барномарезӣ шудааст, ки дар чорчӯби он баргузории ҳамоиши гардишгарии СҲШ ва ҷашнвораи ғизоҳои миллии кишварҳои узви ин созмон пешбинӣ шудааст.

Созмони Ҳамкории Шанхай як созмони байналмилалии байни давлатӣ аст, ки дар таърихи 15 июни соли 2001 дар Шанхайи Чин аз сӯйи Қазоқистон, Чин, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Русия ва Қирғизистон таъсис шуд ва дар июни соли 2017 Ҳиндустон ва Покистон низ ба ин созмон пайвастанд.

Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Белорус аъзои нозири СҲШ ҳастанд.

 

Бештар бихонед: