Июн 09, 2021 17:12 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо сафири Чин дар Душанбе

Муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо сафири Чин дар Душанбе дидор кард.

Ба гузориши манобеи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар дидори Фарҳод Салим бо Лю Бин, роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ байни ду кишвар дар чорчӯби Созмони Ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.

Чин ҳамвора яке аз шарикони аслии иқтисодии Тоҷикистон будааст. Дар соли гузашта низ ин кишвар 152 миллион доллар дар тарҳҳои зербинои Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст, ки баробар бо 35 дарсад аз кулли сармоягузории хориҷӣ дар ин сол будааст.

Чин бештар дар бахшҳои роҳсозӣ, маъдану филизот, энержӣ, саноати химиявӣ, бофандагӣ, кишоварзӣ ва фароварии маҳсулот дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.

 

Бештар бихонед: