Июн 09, 2021 19:48 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон - аввалин ҳарифи тими миллии футболи духтарони ҷавони Эрон дар мусобиқаи КАФА

Замонбандии мусобиқоти тимҳои футболи бонувони Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон эълом шуд.

Ба гузориши Федератсияи футболи Эрон, мусобиқоти байналмилалии футболи бонувони ҷавон (КАФА), аз ҷумъаи 21 хурдод (11 июн) дар шаҳри Душанбе оғоз мешавад.

Тими миллии футболи бонувони Эрон субҳи имрӯз Теҳронро ба мақсади шаҳри Душанбе тарк карданд.

Бинобар эъломи Марями Озмун, сармураббии тими миллии футбол, бозикунони зер ҷиҳати рақобат бо тимҳои Афғонистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон интихоб шудаанд:

Соро Дидор, Шармин Афхамӣ (Хуросони Разавӣ), Нигини Зандӣ, Руқия Ҷалолинасаб (Хузистон), Фотимаи Писандида, Фотимаи Юсуфӣ (Элом), Фотимаи Сутуда, Ҳастии Фурӯзанда, Марями Сарварӣ, Зуҳраи Ирфонӣ (Кирмон), Марями Муҳаммадии Чинорӣ (Албурз), Кимиё Раҳиминиё (Мозандарон), Фотимаи Шаъбон (Исфаҳон), Муҳаддисаи Зулфӣ, Мубинои Эътимод (Озарбойҷони Шарқӣ), Сайида Заҳрои Маъсумӣ (Гелон), Кимиё Аббосзода, Зайнаби Аббоспур (Теҳрон).

 

Бештар бихонед: