Баррасии роҳҳои суръат бахшидани бозсозии нақби Истиқлол
(last modified 2021-06-09T16:26:29+00:00 )
Июн 09, 2021 21:26 Asia/Dushanbe
  • Баррасии роҳҳои суръат бахшидани бозсозии нақби Истиқлол

Мақомоти Тоҷикистон ва Эрон роҳҳои суръат бахшидани бозсозии нақби Истиқлолро баррасӣ карданд.

Ба гузориши сомонаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, бозсозии ин тоннел аз 5 июни соли ҷорӣ оғоз шудааст ва ду тараф дар бораи суръат бахшидан дар бозсозии бархе аз қисматҳои он, насби сомонаҳои равшаноӣ, оташнишонӣ ва тоза кардани ҳавои дохили нақб баҳсу табодули назар карданд.

Нақби Истиқлол бо кумаки 31 миллиондолларии Эрон, ки 10 миллион доллари он ройгон аст ва 7 миллиону 800 ҳазор долларии Тоҷикистон, дар соли 2006 бо талоши ширкати эронии “Собир” бунёд шуд.

Тоҷикистон ва Эрон барои бозсозии ин нақб 11 миллион доллар ихтисос доданд.

Ин нақб бо тӯли 5 километр дар 80 километрии шимоли шаҳри Душанбе сохта шудааст.

Акнун ба далели бозсозии нақби Истиқлол, ҳаракати васоили нақлиёт аз соати 10 то 13 ва 16 то 19 дар нақб мамнуъ аст.

Бар асоси барномаи эъломшуда, бозсозии ин нақб дар сентябри брсоли ҷорӣ ба поён мерасад .

 

Бештар бихонед: