Октябр 29, 2016 10:46 Asia/Dushanbe
  • Қатъи барқ дар 90 дарсади Тоҷикистон

Нерӯи барқ дар 90 дарсади манотиқи Тоҷикистон шомгоҳи 28-уми октябр барои 4 соат қатъ шуд.

Ба гузориши сойти "Росбалт", манобеи хабарии русӣ муддаӣ шудаанд, ки иллати қатъи барқ дар Тоҷикистон, ки шаҳри Душанберо низ дар бар гирафтааст, бурузи мушкилоти фаннӣ дар нерӯгоҳи барқи обии "Норак", бузургтарин маркази тавлиди барқи ин кишвар будааст. Аз сӯйи дигар манобеи хабарии мустақил гузориш доданд, ки ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон барои баррасии ин мавзӯъ ба нерӯгоҳ барқи обии "Норак" рафта, пас аз 3 соат интиқоли барқ ба шаҳри Душанбе аз сар гирифта шудааст.

Нозир Ёдгорӣ, сухангӯи Ширкати давлатии "Барқи тоҷик" бо таъйиди ин ҳодиса гуфтааст, ки мутахассисони ин ширкат дар ҳоли рафъи ин мушкили фаннӣ ҳастанд, то барқ ҳарчи сареътар ба марказҳои саноатӣ ва хонаҳо мунтақил шавад.

Ҳамакнун танҳо вилояти Бадахшони Тоҷикистон, ки барқи он аз нерӯгоҳҳои дохилӣ таъмин мешавад, ба таври 24 соат барқ дорад. Ин дар ҳоле аст, ки дар Тоҷикистон аз чанд рӯз қабл реҷаи додани барқ оғоз шуда, ба ғайр аз шаҳри Душанбе ба тамоми манотиқи ин кишвар фақат аз 7 то 20 соат дар як шабонарӯз нерӯи барқ дода мешавад.