Боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи фурӯшандагони бозичаҳои қочоқӣ дар Тоҷикистон
Додситони кулли Тоҷикистон алайҳи 7 фурӯшандаи бозичаҳои ғайристандартӣ ва қочоқӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ба гузориши сойти "Авесто", Додситони кулли Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар бозрасӣ аз 5 бозору маркази тиҷории шаҳри Душанбе мушаххас шуд, ки маҳсулоти бархе аз ин марказҳои фурӯш бозичаҳои бидуни ҳуҷҷату санадҳои стандартӣ будааст. Маҳсулоти ин марказҳо истеҳсоли Чин будааст.
Бозичаҳои кашфу забтшуда барои ташхис ба озмоишгоҳи Агентии "Тоҷикстандарт" фиристода шудааст.
Ин барои бори аввал нест, ки мақомоти Додситони кулли Тоҷикистон барои фурӯши бозичаҳои ғайрстандартӣ ва қочоқ дар бозорҳои шаҳри Душанбе парванда ҷиноӣ боз кардаанд.
Ба гуфтаи коршиносон, ин маҳсулот ба таври умда аз роҳи қочоқ аз Чин ба Тоҷикистон ворид мешавад.