Кумаки молӣ ба хонаводаҳои камбизоат дар Тоҷикистон
(last modified Fri, 11 Jun 2021 11:42:31 GMT )
Июн 11, 2021 16:42 Asia/Dushanbe

Ба хонаводаҳои камбизоат дар Тоҷтктстон кумакт молӣ пардохт мешавад.

Ба гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон, бар асоси ин тарҳ, ки вазири молияи Тоҷикистон дар маҷлиси ин кишвар матраҳ кард, ба ҳар хонпводаи камбархӯрдор дар Тоҷикистон 500 сомонӣ пардохт мешавад.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон гуфт: Бонки Ҷаҳонӣ ҳудуди 21 миллион доллар барои иҷрои ин тарҳ ба Тоҷикистон кумаки бебозгашт кардааст.

Ӯ афзуд: Бар асоси омор 165 ҳазор хонаводаи бебизоъат дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ки ниёзманди ҳимояти молӣ ҳастанд.

Вазири молияи Тоҷикистон изҳор дошт, ин маблағ ба хонаводаҳои фақире, ки кӯдаки зери 7 сол доранд ё аз маълӯли зери 18 сол нигаҳдорӣ мекунанд, пардохт хоҳад шуд .

Файзиддин Қаҳҳорзода дар идома афзуд: Ин маблағ ба занони сарпарасти хонавода, ки фарзанди зери 16 сол доранд, низ пардохт мешавад.

Ин дувумин бор пас аз густариши корона дар Тоҷикистон аст, ки бо кумаки ниҳодҳои молии байналмилалӣ ба хонаводаҳои камбизоат кумаки молӣ мешавад.

 

Бештар бихонед: