Июн 11, 2021 20:30 Asia/Dushanbe
  • Дидорҳои раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон дар вилояти Суғд

Дар дувумин рӯзи сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон ба Тоҷикистон, вай ба ҳамроҳи Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷики хеш дар вилояти Суғд, аз чанд маркази саноатӣ ва тавлидӣ, боғи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва садди нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум боздид ва бо равшанфикрону фарҳангёни ин минтақа дидор кард.

Ба гузориши сомонаи «Ховар», Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз садди нерӯгоҳи Қайроққум ба Шавкат Мирзиёев тавзеҳ дод, ки ин махзан бо захираи 3 миллиарду 413 миллион метри мукааб оби мавриди ниёзи бахшҳои кишоварзии Узбакистон ва Қазоқистон, дар таъмини барқи шимоли Тоҷикистон низ саҳми зиёд дорад.

Ҳангоми боздиди раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аз ширкати қолибофии Қайроққум низ таъкид шуд, ки ин маркази саноатӣ тайи 5 моҳи соли ҷорӣ 957 ҳазору 900 метри мураббаъ анвои фарш тавлид кардааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 60 дарсад бештар мебошад.

Раҳмон ва Мирзиёев ҳамчунин аз боғи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар масоҳати 631 гектар таъсис шудааст, боздид карданд.

Онон дар дидор бо равшанфикрону фарҳангёни вилояти Суғд, бо ишора ба дӯстии деринаи мардумони ду кишвар, бар зарурати ҳифзи равобити ҳамаҷониба миёни Тоҷикистон ва Узбакистон таъкид карданд.

Шавкат Мирзиёев бо гусели Эмомалӣ Раҳмон, Хуҷандро ба мақсади Тошканд тарк кард.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп