Октябр 29, 2016 12:02 Asia/Dushanbe
  • Зиёни 145-миллиондолларии корхонаҳои саноатӣ дар Тоҷикистон

Корхонаҳои бузурги саноатии Тоҷикистон дар шаши моҳи аввали имсол беш аз як миллиарду 143 миллион сомонӣ (муодили 145 миллион доллар) зиён кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории "Азиа плюс", Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кардааст, ки ин марказҳои тавлидӣ дар ин муддат 2 миллиарду 757 миллион сомонӣ даромад касб кардаанд, вале бахши масрафи ин корхонаҳо ба 3 миллиарду 900 миллион сомонӣ расидааст. Ин омор нишон медиҳад, ки ин корхонаҳо беш аз як миллиарду 143 миллион сомонӣ хисорат дидаанд.  Дар ин миён ТалКо, ширкати "Барқи тоҷик", КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон", ширкати "Тоҷик эйр", фурудгоҳҳои байналамилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа нисбат ба дигар корхонаҳо бештар зарар дидаанд.

Вазорати молияи Тоҷикистон ТалКо ва ширкати "Барқи тоҷик"-ро аз қарздортарин марказҳои тавлидии ин кишвар муаррифӣ кардааст. Ширкати "Барқи тоҷик" дар шаш моҳи нахусти имсол як миллиарду 90 миллион сомонӣ ва ТалКо 205 миллион сомонӣ зарар дидааст.