Матраҳ шудани афзоиши қимати барқи масрафии муштаракон дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон
Афзоиши қимати барқи масрафии муштаракон дар Тоҷикистон бори дигар дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар матраҳ шуд.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Музаффар Маҳмудзода, узви Кумитаи энержӣ, саноат ва сохтмони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт: Ҳангоми баррасии тарҳи насби контурҳои ҳушманд, ба манзури коҳиши итлоф ва сарфаҷӯӣ дар масрафи барқ, зарурати афзоиши қимати барқ низ матраҳ ва баррасӣ шуд.
Маҳмудзода таъкид кард, бар асоси дархости Бонки Ҷаҳонӣ бояд қимати ҳар киловат соат барқ барои бахши хонагӣ байни 7 то 10 дирам афзоиш ёбад.
Ин дар ҳоле аст, ки тайи 10 соли ахир қимати ҳар киловат соат барқи бахши хонагӣ аз 9 дирам дар соли 2010 ба 22. 6 дирам дар соли 2020 расид.
Мақомоти Тоҷикистон далели афзоиши дубораи қимати барқ дар кишварро дархости ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва минтақаӣ эълом мекунанд.
Онҳо мегӯянд, яке аз шароити пардохти қарзи ин ниҳоди молӣ ба Тоҷикистон, афзоиши қимати барқ дар бахшҳои мухталиф аст.
Коршиносон муътақиданд, ки бо ихтисоси вомҳои зиёд ва афзоиши қимати барқ дар Тоҷикистон, авзои молии ширкати Барқи Тоҷик беҳбуд намеёбад.
Ширкати Барқи Тоҷик бо қарзи 22 миллиард сомонӣ, қарздортарин идораи давлатии Тоҷикистон аст.
Бештар бихонед:
- Ширкати Барқи Тоҷик аз хариди барқи тавлидии нерӯгоҳи Сангтӯда -1 нотавон аст
- Радди иддаои Барқи Тоҷик дар бораи нархи барқи хонагӣ дар Осиёи Марказӣ