Бетаваҷҷӯҳии коргарони муҳоҷири тоҷик ба ваксина дар Русия
(last modified Wed, 16 Jun 2021 07:28:53 GMT )
Июн 16, 2021 12:28 Asia/Dushanbe
  • Бетаваҷҷӯҳии коргарони муҳоҷири тоҷик ба ваксина дар Русия

Пизишки тоҷики муқими Русия ва аз шахсиятҳои сиёсии ин кишвар, далели тамоюл надоштани коргарони муҳоҷири тоҷик ба тазриқи ваксинаи коронаро набуди таблиғоти матлуби расонаӣ дар ин маврид унвон кард.

Ба гузориши сомонаи РИА Новости, Абдуллоҳ Давлатов гуфтааст, ки раванди ваксина задани коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ғайриқобили пазириш мебошад.

Зеро бо вуҷӯди интишори матолиби зиёд ба забони тоҷикӣ дар бораи аҳаммияти тазриқи ваксинаи корона барои ҳифзи саломатии коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия муттаассифона ин раванд матлӯб нест.

Мо ба ҳазораннафар аз ин афрод эълом кардем, ки аворизи густариши вируси корона бисёр хатарнок мебошад ва бояд ҳатман ваксина тазриқ кунанд.

Дар шароите, ки дар Русия барои тазриқи ваксинаи корона ниёзе ба рафтан ба бемористон вуҷӯд надорад ва ин ваксина ба таври фаровон дар марокизи дармонӣ вуҷӯд дорад.

Аз сӯи дигар Марат Хуснуллин, муовини нахуствазири Русия эълом кард, ки ширкатҳои сохтумонсозии ин кишвар омодаи тазриқи ваксинаи корона ба коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, узбекистонӣ ва Беларус бо ҳазина худ мебошанд.

Бештар бихонед: