Дидори раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон
(last modified Wed, 16 Jun 2021 16:31:37 GMT )
Июн 16, 2021 21:31 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон

Раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон бо якдигар дидор карданд.

Ду тараф дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара бо якдигари мулоқот ва гуфтугӯ карданд.

Тарафайн дар ин мулоқот, дар бораи мизону чигунагии истифода аз манобеи об, чарогоҳҳо ва мамнуияти сохтусоз дар манотиқи мавриди ихтилофи марзӣ тавофуқ карданд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Музаффар Юнусов, масъули дафтари матбуотии раёсати вилояти Суғд гуфт: Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдукарим Алимбоев тавофуқ карданд, ки оби мавриди ниёзи кишоварзии вилояти Суғд аз канали Хоҷа Боқирхон таъмин шавад.

Ҳамчунин ду тараф ба ин натиҷа расиданд, ки дар манотиқи аломатгузоринашудаи марзӣ ҳар гуна сохтусози бидуни муҷаввизи мақомоти ду кишвар мамнуъ аст.

Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдукарим Алимбоев эълом карданд, ки ҳар моҳ ду бор бо ҳам дидор ва масоили марбут ба барқарории амнияту субот дар марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кунанд.

 

Бештар бихонед: