Маҷрои рӯдхонаи Вахш баста шуд
(last modified Sun, 30 Oct 2016 05:55:23 GMT )
Октябр 30, 2016 10:55 Asia/Dushanbe
  • Маҷрои рӯдхонаи Вахш баста шуд

Тайи маросиме дар маҳалли эҳдоси нерӯгоҳи барқи обии "Роғун", дар 50 километрии шарқи Душанбе, маҷрои рӯдхонаи Вахш барои оғози сохти сади 335 метрии ин нерӯгоҳ баста шуд.

Ба гузориши сойти Фарғона, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тайи суханроние дар ин маросим таъкид кардааст, ки такмили сохти ин  нерӯгоҳ, гоми муҳимме дар расидани кишвараш ба истиқлоли энергетикӣ мебошад.

Вай гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир дар сохти ин нерӯгоҳ 15 ҳазор коргар ва мутахасс ва 2 ҳазору 100 адад таҷҳизот мушорикат дорад. Бар асоси тарҳе, ки ширкати итолиёии "Impregilo s.p.a salini"- барандаи муноқисаи  байналмилалии такмили тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" ироа кардааст, дар авохири соли 2018 турбинаи нахусти ин нерӯгоҳ, тавлиди барқро оғоз мекунад ва турбинаи дувуми он, дар соли 2019 ба шабакаи барқи Тоҷикистон муттасил хоҳад шуд. Бо бастани маҷрои рӯдхонаи Вахш ва равон кардани об ба туннелҳои инҳирофӣ, кори сохти сади хокии 335 метрии нерӯгоҳи барқӣ обии "Роғун", ки бузургтарин нерӯгоҳ аз навъи хеш дар Осиёи Марказӣ мебошад, оғоз шуд. Такмили сохти ин нерӯгоҳ бо зарфияти тавлиди 13 миллиард киловатт соат барқ дар сол, заминаи таъмини барқи мавриди ниёзи Тоҷикистон ва содироти онро ба хориҷ фароҳам хоҳад кард.

Сохти ин нерӯгоҳ дар соли 1974, дар даврони ҳукумати Шӯравӣ оғоз шуд. вале пас аз истиқлоли ин кишвар ба далели мухолифатҳои Узбакистон ва камбуди сармоя, нотмом мондааст. Аммо коршиносони тоҷик муътақиданд, ки дар ин авохир раҳбарияти ҷадиди Узбакистон дигар ба таври ошкор бо такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун мухолифат намекунад, ки ба маънии нарм шудани мавзеи ин кишвар дар баробари ин тарҳи муҳимми энергетикии Тоҷикистон мебошад.