Июн 18, 2021 11:57 Asia/Dushanbe

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар Тоҷикистон дар ҳоли баргузорӣ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон, Муҳаммадтақии Собирӣ-сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон гуфт: Сездаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон аз соати 8 ба вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд ва дар ҳоли баргузорӣ аст.
Ӯ афзуд: Тамоми тадбирҳои лозим барои баргузории сездаҳумин давраи интихоботи раёсати Ҷумҳурии исломии Эрон дар кишвари Тоҷикистон андешида шудааст.
Бино бар иттилоияи сафоратхонахои Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон шаҳрванди эронӣ метавонанд бо ҳузур дар ду шуъбаи овоздеҳӣ дар маҳаллҳои сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Роғун дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кунанд. Ҳамроҳ доштани асли шиноснома ва картаи миллӣ ё асли гузарномаи муътабари эронӣ ҳам барои ширкат дар интихобот зарурӣ аст.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар Тоҷикистон 

 

Image Caption
Image Caption
Image Caption
Image Caption
Image Caption
Image Caption

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Барчасп