Шаҳри Душанбе мизбони ҷашнвораи филми кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай
Июн 19, 2021 17:33 Asia/Dushanbe
Ҷашнвораи филмҳои онлайн ва телевизионии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Ин ҷашнвора аз 29 июн то 2 июли соли ҷорӣ ба мизбонии Тоҷикистон ва дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Дар ҷашнвора 18 кишвар, аз ҷумла 8 кишвари узв, 4 кишвари нозир ва 6 кишвари шарики Созмони Ҳамкории Шанхай филмҳои худро ба дабирхонаи ҷашнвора ирсол карданд.
Қарор аст, дар поёни ҷашнвора ба 32 филмсози бартар ҷоизаи “Парастӯи тиллоӣ” эҳдо шавад.
Бештар бихонед:
- Боздиди ширкаткунандагони Анҷумани занони кишварҳои узви СҲШ аз ноҳияи Ҳисор
- Дабири СҲШ: Эрон дар ояндаи наздик узви СҲШ хоҳад шуд