Касби нишони биринҷии таеквондкори зани тоҷик дар Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё
(last modified Sat, 19 Jun 2021 14:26:58 GMT )
Июн 19, 2021 19:26 Asia/Dushanbe
  • Касби нишони биринҷии таеквондкори зани тоҷик дар Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Таеквондкори зани тоҷик нишони биринҷии Мусобиқоти қаҳрамонии Осиёро касб кард.

Ба гузориши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон,  Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондо Моҳру Ҳалимова дар Мусобиқоти Осиё сазовори медали биринҷӣ шуд.

Мусобиқоти Осиё оид ба таеквондо 16-18 июн дар шаҳри Бейрути Лубнон бо иштироки 186 варзишгар аз 30 давлат баргузор шуд.

Ба иттилои Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон, Моҳру Ҳалимова дар вазни -67кг муҳорибаро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар намояндаи Корея Сонг Да Бин дастболо шуд. Сипас ӯ дар нимфинал аз варзишгари Урдун Ҷулйана Содиқ шикаст хурд ва ҷои сеюмро гирифт.

Ёдовар мешавем, ки ду довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон - Давлатшо Мирзоев ва Вафоназар Алиназаров мусобиқотро дар ин чемпионат ҳамакамӣ намуданд.

Ба иттилои Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон, варзишгарони тоҷик, ҳамчунин 19-21 июн дар мусобиқаи байналмилалӣ – “Beirut Open” ширкат мекунанд.

Бештар бихонед: