Тавсияҳои илмии вазири кишоварзии Тоҷикистон ба кишоварзон барои афзоиши маҳсӯлоти кишоварзӣ
Вазири кишоварзии Тоҷикистон аз теъдоде аз заминҳои кишоварзии ноҳияи Турсунзода боздид кард.
Ба гузориши сомонаи Ховар, дар шаҳри Турчсунзода ҷамъоварии ғалла, сабзавоти барвақтӣ, пиёз ва картошка муташаккилона идома дошта, дар беш аз 4000 гектар замин кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки зиёда аз 2000 гектари онро шолӣ дар бар мегирад.
Дар ин хусус зимни шиносоии Вазири кишоварзии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо рафти корҳои саҳроӣ ва вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода, хусусан парвариши пахта, ҷамъоварии ҳосил ва корҳо дар самти кишти такрорӣ иттилоъ дода шуд.
Вазири кишоварзии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода зимни боздид аз киштзори хоҷагии «Самир», «Ниҳолпарвар» ва як зумра хочагиҳои деҳқонии дигари шаҳри Турсунзода бо деҳқонон суҳбат ороста, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва риояи корҳои агротехникӣ дастуру тавсияҳои муфид доданд.
Бештар бихонед:
- 25 июн замони баҳрабардорӣ аз қисми дувуми бузургроҳи Душанбе-Турсунзода
- Сохти шаҳраки саноатӣ дар ноҳияи Турсунзодаи Тоҷикистон