Судури ҳукми зиндон барои се полиси ноҳияи Турсунзода
Додгоҳи олии Тоҷикистони се полиси ноҳияи Турсунзодаро ба зиндон маҳкум кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, се полиси ноҳияи Турсунзода ба далели шиканҷаи яке аз муттаҳамон ба қатли коргари ресторани ин ноҳия ба зиндон маҳкум шуданд .
Шералӣ Азизов, Саъдӣ Давлатмуродзода ва Эраҷ Наимов-се полисе ҳастанд,ки дар соли 2017 Ҳасан Ёдгоров-сокини ноҳияи Турсунзодаро ба иттиҳоми қатли як коргари ресторан 8 моҳ боздошт ва вайро бо барқ шиканҷа карданд,то ба қатл эътироф кунад .
Ин 3 корманди полис пас аз пайдо шудани қотили воқеӣ ба иллати шиканҷа кардани фарди бегуноҳ ба 10 то 13 сол зиндон маҳкум шуданд . Ҷурмҳои ин се полис таҳияи санадҳои ғайривоқеъӣ ва шиканҷаи фарди бегуноҳ эълом шуд.
Бештар бихонед :
-
Таъкиди раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон бар пешгирӣ аз шиканҷа дар идораҳои полис
-
Зиндонӣ шудани 4 корманди полиси шаҳри Душанбе ба иллати шиканҷа кардани ашхос