Боздошти яке аз рӯҳониёни тоҷик дар шаҳри Душанбе
Июн 20, 2021 12:57 Asia/Dushanbe
Яке аз рӯҳониёни тоҷик, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд, ба ҳамроҳи бародараш 19 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз сомонаи Топтҷ, хонаводаи мавлавӣ Абдуллоҳ Язгуломӣ бо таъйиди боздошти вай ба ҳамроҳи бародараш гуфтанд: Мақомоти амниятӣ иллати боздошти ин ду нафарро иртиботи онҳо бо ҳизби мамнӯъаи Наҳзати исломӣ эълом карданд .
Онон гуфтанд,ки кормандони амниятӣ пас аз бозрасии хонаҳои ин ду нафар тамоми китобҳои мазҳабии онҳоро ҳам ҷамъоварӣ карданд .
Мавлавӣ Абдуллоҳи Язгуломӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар бар зарурати ваҳдат миёни мусулмонон, таъкид мекард.
Барчасп