Июн 20, 2021 12:57 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби ислоҳияи қонуни замин дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ислоҳияи қонуни заминро тасвиб кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Азизмуҳаммад Қурбонзода-муовини аввали раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва нақшабардории Тоҷикистон гуфт : Бо тасвиби ин ислоҳия фақат давлат метавонад ба кишоварзон замин вогузор кунад .
Вай афзуд: Дар Тоҷикистон мавридҳои фаровоне аз истифода ва вогузории ғайриҳадафманди замин аз сӯи ашхоси ҳақиқӣ мушоҳида шуда, ки бо тасвиби ин тарҳ давлат метавонад тамоми ин вогузориҳоро бекор кунад .
Ҳамчунин бар асоси ин мусавваба ҳар сол гузорише аз вазъияти заминҳои кишвар,  раванди вогузории заминҳои нав ва навъи истифода аз ин заминҳо ба давлат ирсол мешавад.

 

Барчасп