Июн 21, 2021 21:07 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангии миллии СҲШ ба раёсати Тоҷикистон дар Тошканд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангии миллии Созмони Ҳамкории Шанхай ба раёсати Тоҷикистон дар Тошканд баргузор шуд.

Ба гузориши Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, 50 мавзуъ дар ин ҷаласа баррасӣ шуд.

Ба ибтикори Тоҷикистон, ин нишаст бо ҳузури намояндагони кишварҳои нозир (Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон) ва гуфтугӯи шарикони Созмони Ҳамкории Шанхай (Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Шриланка) баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа ширкаткунандагон дар мавриди роҳҳои мумкин барои афзоиши саҳми кишварҳои нозир ва шарикон гуфтугӯ ва дар бораи фаъолиятҳои созмон низ табодули назар карданд.

 

 

Барчасп