Июн 23, 2021 09:34 Asia/Dushanbe
  • Озод шудани сармоядори тоҷик аз пардохти андоз

Як фаъоли бахши хусӯсии тоҷик аз пардохти молиёт ва боҷи гумрукӣ озод шуд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба як фаъоли бахши хусӯсии тоҷики муқими Маскав барои воридоти таҷҳизоти мавриди ниёзи сохти меҳмонхона ва маҷмаи варзишӣ ва гардишгарӣ дар ноҳияи Исфара муъофияти молиётӣ ва гумрукӣ эъто кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Эмомалӣ Раҳмон дастур дод Ҷалил Савриддинов, фаъоли бахши хусӯсии тоҷики муқими Русия аз пардохти молиёт бар ирзиши афзӯда ва боҷи гумрукӣ озод шавад.

Пеш аз ин Сорбон Савриддинов падари Ҷалил Савриддинов, ки молики ширкати Бестфуд дар шаҳри Маскав аст 500 ҳазор сомонӣ ба осебдидагони даргириҳои марзӣ бо Қирғизистон кумак карда буданд.

Онон ба ҳар хонаводаи кушта шудагони даргирии ахири марзӣ бо Қирғизистон 15 ҳазор сомонӣ ва ба маҷрӯҳон 5 то 10 ҳазор сомонӣ кумак карданд.

Ин ду пеш аз ин низ 2 миллион сомонӣ барои сохти маркази фарҳангӣ дар ҷамоати Ворухи ноҳияи исфара пардохт карданд.

Сохти як пул ва асфалти як километр аз роҳи ҷамоати Ворух бо ҳазинаи шахсӣ аз дигар иқдомоти ин некӯкорони тоҷик аст.

Бештар бихонед:

Барчасп