Тоҷикистон-мизбони рӯзҳои фарҳангии Русия
Рӯзҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон бо ҳузури шахсиятҳои фарҳангӣ ва гурӯҳҳои мусиқии ин кишвар баргузор хоҳад шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, рӯзҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон дар 25 - 27 июн бо ҳузури шахсиятҳои фарҳангӣ ва гурӯҳҳои мусиқии ин кишвар баргузор хоҳад шуд .
Маросими расмии ифтитоҳи рӯзҳои фарҳангии Рӯсия дар маҳали театри давлатии « Айнӣ » ифтитоҳ ва сипас барномаҳои ҳунарӣ ва мусиқӣ дар шаҳрҳои Норак,Варзоб ва Данғара анҷом хоҳад шуд .
Ҳамчунин дар музеи миллии Тоҷикистон намоиши осори торихӣ ва меъмории минтақаи Вологдаи Русия анҷом хоҳад шуд .
Дидор бо мақомоти сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва боздид аз марокизи фарҳангии ин кишвар аз дигар барномаҳои рӯзҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон унвон шудааст .