Июн 25, 2021 20:12 Asia/Dushanbe
  • Таъсири баста шудани бандари Шерхон дар равобити тиҷории Тоҷикистон ва Афғонистон

Баста шудани бандари Шерхон, ки пули иртиботии муҳиме байни Тоҷикистон ва Афғонистон мебошад, чӣ таъсире бар муомилоти тиҷории ду кишвар метавонад дошта бошад.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷ Вик”, дар пайи ҳамалоти гурӯҳи Толибон ва таътил шудани бандари Шерхон миёни Тоҷикистон ва Афғонистон, мавзӯи таъсири ин иқдом ба равобити бозаргонии ду кишвар дар маҳофили каршиносӣ матраҳ мебошад.

Дар соли 2020 мизони муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Афғонистон 70 миллиону 700 ҳазор доллар буд, ки беш аз 69 миллион доллари он содироти Тоҷикистон ба Афғонистон унвон шудааст.

Аз ин шохис 45 миллион доллар содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон мебошад.

Ҳамчунин Тоҷикистон ба Афғонистон семент, алюминий ва масолеҳи сохтмонӣ содир мекунад, ки акнун ин муомилот таътил шудааст. Аз тариқи бандари Шерхон муомилоти тиҷории Тоҷикистон бо Покистон низ анҷом мешавад, ки дар соли 2020 ба 26 миллион доллар расида буд. Аз ин мизон 14 миллион доллар содироти Тоҷикистон ба Покистон ва 12 миллион доллар воридот аз ин кишвар ба Тоҷикистон будааст.

Дар маҷмуъ, таътилии бандари Шерхон таъсири қобили мулоҳизае дар муомилоти тиҷории Тоҷикистон бо Афғонистон ва Покистон нахоҳад дошт.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп