Шиносоии 21 мавриди ҷадиди мубталоён ба вируси корона дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 26 Jun 2021 08:36:10 GMT )
Июн 26, 2021 13:36 Asia/Dushanbe
  • Тайи шабонарӯзи ахир 21 нафар дар Тоҷикистон ба вируси корона гирифтор шудаанд.
    Тайи шабонарӯзи ахир 21 нафар дар Тоҷикистон ба вируси корона гирифтор шудаанд.

Тайи шабонарӯзи ахир 21 нафар дар Тоҷикистон ба вируси корона гирифтор шудаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сабти 21 мавриди ҷадиди мубталоён ба вируси корона  тайи 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон, теъдоди умумии мубталоён ба бемории Ковиди 19 дар ин кишвар ба 13  ҳазору 392 нафар расидааст.

Аммо мақомоти ин вазорат мегӯянд, ки мавриди ҷадиди фавтӣ бар асари ин беморӣ сабт нашудааст.

Ба далели густариши дубораи вируси коронаи дар Тоҷикстон тамоми афроде, ки аз хориҷ  вориди ин кишвар мешаванд ба муддати ду ҳафта қарантинаи иҷборӣ хоҳанд шуд. Ин афрод танҳо бо ташхиси пизишкон метавонанд аз хона хориҷ шаванд ва ё ба маҳалли кори хеш бозгарданд.

Аз сӯи дигар дар пайи шуюъи дубораи вируси корона  дар Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии ин кишвар эълом кард, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз густариши бемории Ковиди 19, аз рӯзи 24  июни соли ҷорӣ аз  тазриқи ваксинаи корона ба афроди болои 18 сола дар шаҳри Душанбе оғоз шудааст.

 

Бештар бихонед: