Ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Полша
Июн 27, 2021 20:44 Asia/Dushanbe
Дипломатҳои Тоҷикистон ва Полша дар бораи масоили сиёсӣ ва равобити дуҷониба гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши “Форс” дар Душанбе, ин ройзаниҳо байни Музаффар Ҳусейнзода ва Мартсин Пшидач, муовинони вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Полша анҷом гирифт.
Тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷонибаи Тоҷикистону Полша, аслитарин меҳвари гуфтугӯҳои Ҳусейнзода ва Пшидач буд.
Барчасп