Гузориши вижа. Мавзеъгириҳои таҳдидомези давлати Байден алайҳи Эрон дар робита бо БарҶом
(last modified Sun, 27 Jun 2021 16:17:09 GMT )
Июн 27, 2021 21:17 Asia/Dushanbe

Намояндаи вижаи давлати Амрико дар умури Эрон эълом кард, ки Вашингтон ҳозир ба лағви ҳамаи таҳримҳои худ алайҳи Эрон нест ва танҳо таҳримҳоеро лағв хоҳад кард, ки фикр мекунад лағв шудани онҳо барои бозгашт ба БарҶом лозим аст.

Ба назар мерасад, давлати Байден, ки иддаои бозгашт ба тавофуқи ҳастаии БарҶомро дорад, аммо дар амал рӯйкарду равандеро дар пеш гирифта, ки метавонад ба фурӯпошии ин тавофуқ бианҷомад.

Мавзеъгириҳои таҳдидомези давлати Байден ва ҳушдор ба тарафи эронӣ дар бораи имкони тағйири сиёсати Вашингтон дар заминаи бозгашт ба БарҶом, дар рӯзҳои ахир ташдид шудааст.

Ҳамкорамон Бурҳонӣ дар гузориши вижа ба ин мавзуъ пардохтааст, ки дар идома мешунавед: