Дидори раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе
Июн 29, 2021 16:44 Asia/Dushanbe
Раисиҷумҳури Қирғизистон пас аз вурӯд ба шаҳри Душанбе бо ҳамтои тоҷики худ дар бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Баҳор”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб дидор кард .
Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон асри дирӯз ба манзури анҷоми сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд ва мавриди истиқболи Қоҳир Расулзода, нахуствазири ин кишвар қарор гирифт.
Сипас вай дар бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Баҳор” бо Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.
Бахши матбӯотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф аз ин дидорро ошноии Ҷабборов бо табиати зебои ин маҳал ва зарфиятҳои гардишгарии Тоҷикистон унвон кардааст.
Барчасп