Ихтисоси шумораи вижаи маҷаллаи “Мероси ЭКО” ба шаҳри Душанбе
(last modified Wed, 30 Jun 2021 12:57:06 GMT )
Июн 30, 2021 17:57 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси шумораи вижаи маҷаллаи “Мероси ЭКО” ба шаҳри Душанбе

Шумораи вижаи маҷаллаи “Мероси ЭКО”, ба шаҳри Душанбе ихтисос ёфт.

Ба гузориши Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон, бо ҳамкории Муассисаи фарҳангии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ ё ЭКО) шумораи вижаи маҷаллаи “ECO Heritage” (Мероси ЭКО) -ро ба муносибати дастовардҳои гардишгарӣ ва имконоти шаҳри Душанбе ва эъломи он ба унвони пойтахти гардишгарии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ барои солҳои 2020 - 2021 бо шуморагони 500 нусха ба забони англисӣ мунташир кард.

Дар ин шумора мақолаи раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши гардишгарӣ дар тавсеаи Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ” чоп шудааст.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақолаи худ навиштааст: “Имрӯз шаҳри Душанбе ба шаҳре модерн, мураффаҳ ва идорӣ, намоде аз фарҳанги пешрафтаи шаҳрдориву шаҳрсозӣ ва маконе барои баргузории конфронсҳои байналмилалӣ дар минтақа табдил шудааст”.

Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи худ аз ҳимояти кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ дар эъломи шаҳри Душанбе ба унвони пойтахти гардишгарии ЭКО ташаккур кард.