Бародари боздоштшудаи рӯҳонии тоҷик раҳо шуд
(last modified Wed, 30 Jun 2021 15:53:27 GMT )
Июн 30, 2021 20:53 Asia/Dushanbe
  • Бародари боздоштшудаи рӯҳонии тоҷик раҳо шуд

Иззатуллоҳ Қувватбеков, бародари мавлавӣ Абдуллоҳи Язғуломӣ, ки ду ҳафта пеш ба ҳамроҳи бародараш боздошт шуда буд, озод шуд.

Ба гузориши яке аз расонаҳои Осиёи Марказӣ, ба дунболи озодии Иззатуллоҳ Қувватбеков мақомот муддати боздошти Абдуллоҳи Язғуломиро ду моҳи дигар тамдид карданд ва вайро ба боздоштгоҳи муваққати шумораи 1 мунтақил карданд.

Бародари Абдуллоҳ Қувватбеков гуфт, мақомот иҷоза доданд то барои бародараш дар боздоштгоҳ ғизо бибаранд.

Гуфта мешавад, ки ҳафтаи гузашта, чанд тан аз сокинони ҷамоати Язғулом дар ноҳияи Ванҷ, зодгоҳи Абдуллоҳ Қувватбеков, барои озодии вай даст ба эътироз заданд ва полис эътирозгаронро пароканда кард.

Боздошти Абдуллоҳи Язғуломӣ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки наворҳои зиёди ӯ бо мавъизаҳои динӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд. Дар бархе аз наворҳо ӯ бо лаҳни сахт суҳбат мекунад. Маълум нест, ки кадоме аз навори суҳбати ӯ боиси боздошташ гаштааст. Мақомот низ ҷузъиёти парвандаи ӯро шарҳ надодаанд.