Июл 01, 2021 16:29 Asia/Dushanbe
  • Дидори ширкаткунандагони Маҷмаъи порлумонии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ бо раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон

Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бо раисони ҳайатҳои ширкаткунанда дар ҷаласаи Шӯрои маҷмаъи порлумонии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дидору гуфтугӯ кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон  дар ин мулоқот роҳкорҳои асарбахши ҳамкорӣ дар замининаҳои низомӣ ва сиёсӣ баҳсу баррасӣ шуд .
Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар ин дидор гуфт : Тоҷикистон ба унвони раиси давраии ин созмон тавваҷуҳи вижае ба иҷрои муназзами барномаҳо ва қарорҳои ҷаласаҳо дорад .
Дар ин дидор тарафҳо дар бораи роҳҳои муассири мубориза бо фаъолиятҳои тахрибии нерӯҳои террористӣ, пайомадҳои ифротгароӣ ва ҷинятҳои мутаккилонаи фаромиллӣ, аз​​ ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва ҷароими интерентӣ баҳсу табодули назар карданд .
Дар ин нишаст авзоъи сиёсии Афғонистон низ баррасӣ ва таъкид шуд, ки дар ин замина Тоҷикистон ба пуштибонии мақомоти Афғонистон ва ҳамчунин ҷомеъаи байналмиллалӣ ба талошҳои худ барои раванди сулҳ ва дастёбӣ ба тавофуқи миллӣ дар Афғонистон идома хоҳад дод.



Бештар бихонед:

 

Барчасп