Июл 02, 2021 18:16 Asia/Dushanbe

Убайдулло Раҷабов, бозигари машҳӯри тоҷик дар сини 80 солгӣ даргузашт.

Пайкари ин бозигари тоҷикистонӣ дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

Иллати марги ин ҳунарманд ҳануз расмӣ эълом нашудааст, аммо наздикон ва бархе аз ҳамкорони вай мегӯянд, ин ҳунарманд ба корона мубтало шуд ва чанд рӯзе буд, ки дар хона истироҳат мекард.

Ҳамчунин яке аз наздикони вай гуфт, Убайдулло Раҷабов чанд рӯз қабл ба Ҳисору Турсунзода рафта буд, хонавода ва дӯстони он марҳӯм гумон мекунанд, ки мумкин аст, Убайдулло Раҷабов  дар ин сафар ба корона мубтало шудааст.

Убайдулло Раҷабов дар 20 марти 1941 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мутаваллид шуд.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1994). Дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ (1998).

Хатмкардаи студияи маҳорати актёрии назди Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ (1964) ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1982).

Фаъолияти кории худро дар Театри вилоятии драмаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб оғоз кардааст (1968-70). Солҳои 1970-89 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ, 1990—2000 роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии «Оина», 2000—2004 Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2004 директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт-80» ва роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии «Оина».

Садои Барзу Абдураззоқов, коргардони театр, Ортиқ Қодиров, ҳунарманд ва Лутфуллоҳ Давлатов, ҳунарманди Тоҷикистонро дар бораи Убайдулло Раҷабов бишанвед:

 

Барчасп