Дидори вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо вазири умури хориҷаи Амрико
(last modified Fri, 02 Jul 2021 13:28:39 GMT )
Июл 02, 2021 18:28 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо вазири умури хориҷаи Амрико

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи ҷумҳурии Тоҷикистон бо Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико дар Вашингтон дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар ин дидор ҷонибҳо муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисод, энергетика, тандурустӣ, сайёҳӣ, гуманитарӣ, ҳамкорӣ дар чорчӯби барномаҳои АРБИМА, иқдомҳои муштарак ҷиҳати пешгирии ҳамагирии Ковид-19 ва ғайраро баррасӣ карда, перомуни  масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Ҷонибҳо зимни баррасии вазъият дар минтақа зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар самти муборизаи муштарак бо хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид карданд.

Ин ҳам дар ҳое аст, ки дар Вашингтон дар арафаи 30-солагии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка даври ҳаштуми машваратҳои сиёсӣ байни ду кишвар таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва иҷрокунандаи вазифаи Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Дин Томпсон дар Вашингтон баргузор шуд. Дар машваратҳои сиёсӣ ҳамкориҳои дуҷониба дар чор буъд - сиёсӣ, иқтисодию муҳитизистӣ, амниятӣ ва инсонӣ муҳокима гардиданд.

Ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону ИМА дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф, илмию фарҳангӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд.

Инчунин табодули афкори судманд дар мавзӯи мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир, ҳуқуқи инсон ва тақвияти муносибатҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ сурат гирифт.