Июл 04, 2021 14:52 Asia/Dushanbe
  • Риоят накардани шеваномаҳои беҳдоштӣ далели аслии шуюъи дубораи корона дар Тоҷикистон

Бар асоси эъломи мутахассисон саҳлангории мардум дар риояти шеваномаҳои беҳдоштӣ далели аслии шуюъи дубораи корона дар Тоҷикистон аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати тандурустии Тоҷикистонуттаассифона бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар маконҳои умумӣ монанди паркҳо ва марказҳои харид дастуруламалҳои беҳдоштиро риоят намекунанд .
Ин мавзӯъ дар таксиҳо ва автобусҳо бештар мушоҳида мешавад ва теъдоди зиёде аз мусофирон бидуни ниқоб аз нақлиёти умумӣ истифода мекунанд .
Мутахассисон Вазорати тандурустӣ ва Ситоди муқобила бо коронаро дар оддиангории мардум нисбат ба корона муқассир медонанд, зеро муддатҳо шуюъи бемории коронаро дар Тоҷикистон рад мекарданд .
Дар ҳамон замон  теъдоде аз пизишкон, ки хостанд номашон фош нашавад ҳар рӯз аз шиносоии афроди коронаӣ гузориш медоданд .
Аммо акнун Вазорати тандурустӣ шуюъи дубораи коронаро таъйид кардааст ва аз мардум мехоҳад, ки шеваномаҳои беҳдоштӣ монанди шустушӯии дастҳо, риояти фосилаи иҷтимоӣ ва истифода аз ниқобро ҷиддӣ бигиранд .

 

Барчасп