Оғози расидагӣ ба парвандаи корманди полиси ноҳияи Ваҳдати Тоҷикистон
Шиканҷа ё саҳлингорӣ, додгоҳи ноҳияи Ваҳдат расидагӣ ба парвандаи корманди полисро оғоз кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳриддин Гадозодаи 31 сола сокини Ваҳдат, пас аз чандин соат боздошт дар идораи полис даргузашт.
Ба гуфтаи мақомоти полис, вай замоне, ки саъй кард аз маҳалли боздошт фирор кунад, бар асари суқут аз табақаи сеюми идораи полиси шаҳри Ваҳдат кушта шуд.
Мақомоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар баёнияе гуфтанд: “Ӯ барои тафра рафтан ва ҷавоб надодан ба иттиҳомоти дуздӣ, худро аз панҷараи идораи полис берун партофт”.
Аммо наздикони номбурда иддао мекунанд, ки вай бар асари шиканҷаи полис фавтидааст.
Дар робита бо марги Муҳриддин, додситонии ноҳия бар асоси моддаи 322 қонуни ҷиноии Тоҷикистон (саҳлингорӣ дар анҷоми вазифаи мақоми давлатӣ) парвандаи ҷиноӣ алайҳи Хушвақт Файзуллоҳзода, аз масъулони полиси шаҳри Ваҳдат парвандаи ҷиноӣ ташкил дод.
Дар ин модда аз қонун барои мутаҳҳам, ҷаримаи нақдӣ ва ё то 5 соли зиндон дар назар гирифта шудааст.
Садои Тоҷиниссо Гадозода, хоҳар ва Ҳабибуллоҳ Гадоев, амаки марҳумро бишунавед: