Июл 06, 2021 18:11 Asia/Dushanbe
  • Сафари фаъолони иқтисодии Узбекистон ба вилояти Суғд

Теъдоде аз фаъолони иқтисодии Узбекистон ба вилояти Суғди Тоҷикистон сафар карданд.

Ба гузориши сомонаи АКИпресс, ин гурӯҳ бо ҳадафи баррасии зерсохтҳои иқтисодӣ ва санъатӣ барои афзоиши табодулоти тиҷорӣ аз вилояти Суғд боздид карданд.

Қарор аст, ин ҳайат дар бахшҳоикоркарди мева, тавлиди абрешим, сохти саноатии сабук в гулхонаи парвариши маҳсӯлоти кишоварзӣ ва хариди донаҳои марғӯб аз Тоҷикистон бо мақомоти вилояти Суғд ва мудирони ширкатҳои кишоварзӣ ройзанӣ кунанд.

Ҳамчунин дар ҳошияи боздиди фаъолони иқтисодӣ, Анвар Асамов, муовини вазири кишоварзии Узбекистон, ки раёсати ин ҳайатро ҳам бар ӯҳда дорад бо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дидор кард.

Дар ин мулоқот роҳҳои тавсеъаи равобити тиҷорӣ байни вилояти Суғду Узбекистон баҳсу баррасӣ шуд.

 

Барчасп