Даргирии дубора дар ноҳияи марзии муштараки Тоҷикистону Қирғизистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i70184-Даргирии_дубора_дар_ноҳияи_марзии_муштараки_Тоҷикистону_Қирғизистон
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз даргирии мусаллаҳона дар ноҳияи марзии муштарак бо Қирғизистон хабар дод .
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 08, 2021 14:50 Asia/Dushanbe
  • Даргирии дубора дар ноҳияи марзии муштараки Тоҷикистону Қирғизистон

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз даргирии мусаллаҳона дар ноҳияи марзии муштарак бо Қирғизистон хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар баёнияи ин кумита  омадааст ҳудуди соъати 14 55 дақиқаи 8 июл чанд марзбони Қирғизистон ғайриқонунӣ аз деҳаи марзии Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд гузар карданд ва вориди қаламрави Тоҷикистон шуданд .
Бар асоси ин баёния  бархе аз марзбонони Қирғизистон либоси низомӣ ва теъдодӣ низ либоси шахсӣ бар тан доштанд ва муҷаҳҳаз ба силоҳи Калашников буданд .
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар идомаи баёния эълом карднҳо қасд доштанд 9 асбро аз ноҳияи Деваштичи Тоҷикистон ба Қирғизистон қочоқ кунанд .
Мақомоти марзбононии Тоҷикистон низ эълом карданд: Мутаҷовизони қирғизӣ ба ихторҳои гуногуни марзбонони тоҷикӣ беэътино буданд ва ба самти низомиёни Тоҷикистон шиллик карданд .Онҳо дар идома гуфтанд ду марзбони Қирғизистон низ дар тирандозии ҷавобии тоҷикҳо захмӣ шуданд .
Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоли баррасии ин ҳодиса ҳастанд .