Шибҳинизомиёни Толибон ба хоки Тоҷикистон ё Осиёи Миёна ворид намешаванд
Ҳайати намояндагии Толибон дар дидор бо намояндаи вижаи давлати Русия дар умури Афғонистон гуфтанд, ҳаргиз ба хоки Тоҷикистон ва ё кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид намешаванд.
Ҳайати намояндагии гурӯҳи Толибон ба сарпарастии Шаҳобуддини Диловар, ки барои ройзанӣ бо мақомоти русӣ ба Маскав рафтанд, бо Замир Кобулов, намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури Афғонистон дидор ва гуфтугӯ карданд.
Шаҳобуддини Диловар пас аз дидор бо Кобулов гуфт: Ба Русия итминон додем, дар ҳеч шароите вориди хоки Тоҷикистон ё кишварҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ нахоҳем шуд.
Диловар дар идома афзуд: Гурӯҳи Толибон ҳамчунин ба Русия ва дигар кишварҳои ҷаҳон итминон медиҳад, амнияти сафоратхонаҳо, консулгариҳо ва дафтарҳои намояндагии Русия ва кишварҳои хориҷиро таъмин хоҳад кард.
Раиси ҳайати намояндагии гурӯҳи Толибон дар идома афзуд: Мо қавл медиҳем, гурӯҳи террористии ДИИШ -ро дар хоки Афғонистон решакан кунем.
Бештар бихонед:
- Гурӯҳи Толибон: ДИИШ дар пайи шикаст аз Толибон ба амрикоиҳо паноҳ бурдааст
- Ҳамалоти ҳавоии артиши Афғонистон ба мавозеи Толибон
- Садҳо куштаву захмӣ - дастоварди ҳамлаи Толибон ба Қундӯз