Июл 11, 2021 10:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳазорон паноҳҷӯи афғон вориди хоки Тоҷикистон шуданд

Раиси вилояти мухтори Бадахшони Тоҷикистон эълом кард, аз оғози ҳамалоти Толибон то кунун ҳазорон афғонистонӣ ба хоки Тоҷикистон паноҳ овардаанд.

Ба гузориши "Рейтерс", бештари паноҳҷӯён занон, кӯдакон ва афроди солхӯрда ҳастанд, ки дар манотиқи амн сукунат ёфтанд.

Гуфта шуда, ки давлати Тоҷикистон дар ҳоли ройзанӣ бо ниҳодҳои муртабити Созмони Милал барои таъмини ғизо ва маҳсулоти мавриди ниёзи паноҳҷӯён аст.

Ҳамчунин Тоҷикистон тайи рӯзҳои гузашта пазирои садҳо тан аз низомиёни давлатии Афғонистон дар вилояти Бадахшон буда, ки ба хоки ин кишвар паноҳ овардаанд.