Шиносоии 38 мавриди ҷадиди мубталоён ба вируси корона дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 12 Jul 2021 09:10:02 GMT )
Июл 12, 2021 14:10 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 38 мавриди ҷадиди мубталоён ба вируси корона дар Тоҷикистон

Тайи шабонарӯзи ахир 38 нафар дар Тоҷикистон ба вируси корона гирифтор шудаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сабти 38 мавриди ҷадиди мубталоён ба вируси корона тайи 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, теъдоди умумии мубталоён ба бемории Ковид -19 дар ин кишвар ба 13 ҳазору 834 нафар расидааст.

Бар асоси ин гузориш, бо сабти як маврид фавти дигар дар шабонарӯзи охир, теъдоди кулли фавтиҳо 103 нафар эълом шудааст.

Мақомоти ин вазорат таъкид кардаанд, ки барои ҷилавгирӣ аз мубтало шудан ба Ковид -19 сокинони ин кишвар бояд муқаррароти беҳдоштиро муроот кунанд.

 

Бештар бихонед: