Тавсеаи шабакаи давлати электронӣ дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 12 Jul 2021 15:16:07 GMT )
Июл 12, 2021 20:16 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи шабакаи давлати электронӣ дар Тоҷикистон

50 вазоратхонаву созмони давлатӣ дар Тоҷикистон ба шабакаи давлати электронӣ муттасил шуданд.

Илҳомҷон Атоев, муовини идораи Хадамоти иртибототи электронии Тоҷикистон гуфт: Арзиши хадамоти додашуда дар қолаби шабакаи давлати электронӣ ба мардум як миллиарду 122 миллиону 510 ҳазор сомонӣ аст, ки ин мизон нисбат ба 6 моҳи аввали соли гузашта 100 дарсад афзоиш доштааст.

Ӯ ҳамчунин теъдоди муштаракони телефони собит (домашний) дар Тоҷикистонро 356 ҳазору 383 нафар эълом кард.

Илҳомҷон Атоев гуфт: Дар шаш моҳи аввали соли 2021 дар Тоҷикистон 158 муҷаввиз барои насби истгоҳҳои пояи ширкатҳои телефони ҳамроҳ содир шудааст.

Муовини идораи Хадамоти иртибототи электронии Тоҷикистон изҳор дошт: Аз оғози имсол то кунун 27632 сомонӣ низ барои баррасии барномаҳо, судури муҷаввизҳо ва истифода аз фриконсҳои радиоӣ ҳазина шудааст.

Вай теъдоди муштаракони телефони ҳамроҳи Тоҷикистонро 7 миллиону 571 ҳазору 500 нафар эълом кард, ки аз ин теъдод 5 миллиону 144 ҳазору 226 нафар муштараки фаъол ҳастанд.

Муовини идораи Хадамоти иртибототи электронии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт: Муштаракони истифода аз Интернет дар Тоҷикистон ҳам 3 миллион  нафар аст.

 

Бештар бихонед: