Шиносоии 34 мавриди ҷадиди мубталоён ба вируси корона дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 13 Jul 2021 04:40:37 GMT )
Июл 13, 2021 09:40 Asia/Dushanbe
  • Тайи шабонарӯзи ахир 34 нафар дар Тоҷикистон ба вируси корона гирифтор шудаанд.
    Тайи шабонарӯзи ахир 34 нафар дар Тоҷикистон ба вируси корона гирифтор шудаанд.

Тайи шабонарӯзи ахир 34 нафар дар Тоҷикистон ба вируси корона гирифтор шудаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз сабти 34 ҳолати нави коронавирус дар кишвар дар давоми 24 соати гузашта хабар дод.

Бино ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумораи умумии гирифторони бемории Covid 19 дар кишвар ба 13 ҳазору 868 нафар расидааст.

Гуфта мешавад, ки аз онҳо 13 ҳазору 553 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Тибқи ин гузориш, бо сабти  як мавриди фавтии дигар  дар  шабонарӯзи ахир шумораи умумии фавтҳо 104 нафар эълом шудааст.

Масъулони вазорат таъкид карданд, ки барои ҷилавгирӣ аз мубтало шудан ба Ковиди 19  сокини ин кишвар бояд қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд, то сироят нашаванд.

 

Бештар бихонед: